Равон шуданд чор ҷавон,
Ҳар чор гирифтанд камон,
Онҳо шуданд пурармон.
Ё мавло, ё мавло, ё мавло!
Падар бигуфт ба писар:
«Имрӯз накунед сафар.
Сафаратон пурхатар.»
Ё мавло, ё мавло, ё мавло.
Модар гуфто: «Бачаҳо!
Асло нестам ман ризо.
Хайр! Паноҳат ба худо!»
Ё мавло, ё мавло, ё мавло.
Қадам заданд якбора,
Тарма расид аз дара,
Мулло бихонд ҷаноза.
Ё мавло, ё мавло, ё мавло.
Модар, ки гирья мекард,
Сангҳоро бар сар мекард,
Нолаи бача мекард.
Ё мавло, ё мавло, ё мавло.