Калимаи шаходат
Эй модари азизи ман, Ватан,
Хар субхи покруй, ки аз хоби шаб маро
Хуршеди навтулуи ту бедор мекунад,
Шукронаи ту мекунад аввал забони ман,
Дил бар ягонагии ту икрор мекунад.
Хар шаб ба вакти хоб
Аввал ба дасти рост биёзам ба бистарам
Номи ту дар забонаму ёди ту дар сарам,
Бо номи ту ба сидк муночот оварам.
Як солики тарикати ишки туям, Ватан,
Аз хафт води, гарчи хатархост, бигзарам,
То чодаи тарикати ишки ту биспарам,
То орифе шавам, ки туро маърифат кунам.
Хар дам чу мушрикон, ки ба тавхид мункиранд,
Маъбуди навбанав натавонам гирифт ман.
Хам бо забону хам ба дил икрор мекунам:
Бешак, ту яккаиву ягона, Ватан, Ватан!
Абдуваккос Юсуфи