Дар Бухоро:
пар мезананд кабутарҳо
болои манораҳо.
Дар Бухоро:
ман мебинам
хати тоҷикро
нақш дар деворҳо
кашида шуда
бо дастони моҳиру аъло.
Дар Бухоро:
сайр мекунад
фазои ҳозирзамон
дар кӯчаҳои қадим.
Дар Бухоро:
оворааст дарвеш
гирди ҳалқаи худ
афтода дар фикри хеш -
Чархи гардун.
Дар Бухоро:
фазои маънавӣ
нақши қаламу дафтар
монда зи даври Сино.
Дар Бухоро:
ситораҳо
овезон шабҳо
моҳ интизори
илҳоми қалбҳо.
Ва мо бошем ворисон
Ба сӯйи роҳи оянда равон
Бо ёди гузашта
Бо қалбҳои зинда.
Дар Бухоро -
зинда бошад дилҳо.
Ҳақдодов Иноятулло.