Дунё самари маърифати инсонат
Ночурии он касофатии шайтонаст
Аз бе адабон таъмири чахон маталаб
Таъмири он кори хирадмандонаст
Холо ки дар ин базм хама якчоем
Аз сухбати як дигар даме осоем
Чаъмияти ин базм ганимат шумарем
То боз ки донад ки кучо чамъоем
Одами одам набинад аз кучо одам шавад
Шам агар оташ набинад аз кучо рушан шавад
Нокобилони дахр ба максад намерасанд
Дунё хамеша дар талаби марди кобиласт
Бо Худодод ту бахилиро мачу эй чони ман
Риски худ зери по бимони ву расвоят кунам
Бода нуши мекуни гохо Худоро ёд кун
Сагири нотавон бошиву молдорат кунам
Дар ба дар меагрдиву дои туйи дар ёди халк
Як нигохат мекунам аз зоти эшонат кунам
Домулову шоху эшон авлиё боши магар
Вакти ту омад расид дар хок яксонат кунам
Подшохи шиштаи аз давлатат менози ту
Як газаб созам,гадову куру расвоят кунам
Салаву риш дориву ту гайбати кас мекуни
Ин якин дон ки шарики марги шайтонат кунам
Давлати дунё чун чирки дасти дастат меравад
Эй бихон панч вакт намоз сохиби эмонат кунам