Дар ин лаҳзаҳои ошиқона
Дигар надорем ману ту баҳона
Ту дасти маро бигир, ман аз ту
бимонем ману ту ҷовидона
Гули ман, зиндагӣ моли ману ту
Зиндаам ба хотири будани ту
Агар ошиқӣ дар дунё намебуд,
Азизам чи мешуд ҳоли ману ту?
Туи дар зиндагӣ орзуи ман
Дилам моили дигар набошад
Туи танҳо ба Худо боварӣ ман
Ба касе боварам набошад
Гули ман, зиндагӣ моли ману ту
Зиндаам ба хотири будани ту
Агар ошиқӣ дар дунё намебуд,
Азизам чи мешуд ҳоли ману ту?
Аз аввал бевафо набудам
Даме аз ту ҷудо набудам
Басе ҷабру-ҷафо кашидам
Ба оризум расидам
Гули ман, зиндагӣ моли ману ту
ману ту, ману ту, ману ту
Гули ман, зиндагӣ моли ману ту
Зиндаам ба хотири будани ту
Агар ошиқӣ дар дунё намебуд,
Азизам чи мешуд ҳоли ману ту?